Хоҷа Бурҳониддини Косонӣ, Хоҷа Ҷалолиддин Аҳмади Косонӣ маъруф ба Махдуми Аъзами Даҳбедӣ, Ҳоҷа Юсуф, Хоҷа Офоқ, Хоҷа Ҷаҳонгир ҳокими мулки Кошғар), Яъқуббеки Бадавлат (асосгузори давлати Ҳафтшаҳри Кошғар), Қаноатшоҳи Қаротегинӣ (сипаҳсолори машҳур ва сарвазири хонигарии Хӯқанд), Ёрибекхон (асосгузори сулолаи Мирони Даҳбедии Бадахшон), Музаффаршоҳ (шоҳи Қаротегин), Исмоилхон (шоҳи Дарвоз, ҳар ду бародар буданд), Шоҳ Ванҷӣ (мири Бадахшон), Восеъ, Сайидаҳмадхоҷа (мири Мастчоҳ), Ҳомидбек, Фузайл Махсум, Давлатмандбий, Нусратулло Махсум, Абдураҳим Ҳоҷибоев, Муҳамадвалихони Дарвозӣ, Бурҳониддин Раббонӣ, Аҳмадшоҳи Масъуд, Хоҷа Ҳошими Даҳбедӣ, Хоҷа Мӯсои Даҳбедӣ, Эшони Халифа Ҳасани Қаротегинӣ, Мавлоно Юсуфи Хатлонӣ, Шайх Абдулҳайи Муҷахарфӣ, Муҳаммадҳусайни Ҳоҷии Хатлонӣ (Кангуртӣ), Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Шариф Манзар, Тоҷиддин Исоев, Мунаввар Шогадоев, Маҳмадалӣ Қурбонов, Маҳмадулло Холов, Қадриддин Аслонов, Ҳайдар Қосимов, Шуҳрат Қудратов, Сафар Амиршоев, Исмат Шарипов, Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев, Миралӣ Маҳмадалиев, Талбак Садриддинов, Маликшоҳ Гиёев, Баширхон Исҳоқии Хуҷандӣ, Мӯсо Диноршоев, Хуршеда Отахонова, Худоӣ Шарифзода, Мирзо Турсунзода, Носирҷон Маъсумӣ, Зафар Нозимов, Лоиқ Шералӣ, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Гулрухсор,Фарзонаи Хуҷандӣ


    Шаҳраки Даҳбед — дар дувоздаҳкилометрии шимолу ғарби наздики Самарқанд воқеъ гардидааст ва бо номи Махдуми Аъзам ва Хоҷагони Махдуми Аъзамӣ, ки онҳоро Хоҷагони Даҳбедӣ низ мегӯянд, иртибот дорад

Махдуми Аъзами Даҳбедӣ

Махдуми Аъзам тахаллуси Ҳоҷа Ҷалолиддин Аҳмади Косонии Фарғонӣ (Сайид Аҳмад Ҷалолиддин Хоҷаи Косонӣ) аст, ки аз шайхони бузурги ҷараёни нақшбандия буда, дар ҳаёти маънавию сиёсӣ ва иҷтимоии замони худ таъсир ва нуфузи боризе доштааст. Ӯ дар шаҳри Косони водии Фарғона (наздик ба ҳозира вилояти Намангон) соли 1461 милодӣ дар хонаводаи хоҷагони қадима ва ашрофии тоҷик таваллуд ёфтааст. Вай тайи чанд соли зиндагии худ дар шаҳри Косон дар миёни аҳли дин ва илму адаб чун донишманди бузурги исломӣ шуҳрат пайдо мекунад. Хоҷа Ҷалолиддин ва боз чанд фарзанди ӯ дар шаҳру деҳоти водии Фарғона муридону ихлосмандони зиёде доштааст ва ҳамаи онҳо дар дар пайравӣ аз ҷараёни нақшбандия муътақиди ӯ буданд. Мавлоно Сайид Аҳмад Ҷалолиддин Хоҷаи Косонӣ дар аввалҳои қарни шонздаҳуми милодӣ баъди аз ҷониби ӯзбакҳо муҳосира шудани қалъаи Косон бо аҳли оила ва муридони худ ба Самарқанд кӯчид. Ҳокими Самарқанд ба ӯ аз наздикии шаҳр мавзеи зебову ҳосилхезро туҳфа мекунад. Тибқи ривоятҳои мардумӣ Ҳоҷа Ҷалолиддин аввалин дарахте, ки дар ин ҷо нишонд, даҳ ниҳоли бед буд, ки чун нишоне аз зодгоҳаш оварда буд, аз ин рӯ, ин мавзеъ бо номи Даҳбед машҳур гардид. Сайид Аҳмад Ҷалолиддин Хоҷаи Косонӣ ба Даҳбеди Самарқанд бо гурӯҳе аз аҳли байти худ, хешу табор ва муридону шогирдони зиёдаш омада буд. Дар заминҳои ҳоселхези эҳдоӣ муридон ва солиқони вай ба кишоварзӣ, чорводорӣ ва косибӣ машғул гаштанд. Пас аз чанд сол Даҳбед яке аз шаҳрҳои ободу маъмур ва пурфайзи Самарқанд гардид. Хоҷа Ҷалолиддини Косонӣ Махдуми Аъзам дар Даҳбед масҷиду хонақоҳ ва мадрасае бино намуда, ҳам ба тоату ибодати сӯфиёна машғул мешуд ва ҳам шогирдон ва талабагони зиёдеро таълиму тарбия менамуд. Шуҳрат ва эътибори ӯ дар байни мардум ва назди умарои дарбори Шайбониён то рафт меафзуд ва аз ҳамин ҷост, ки эшонро чун Махдуми Аъзами Даҳбедӣ мешиносанд ва машҳур мегардонанд. Махдуми Аъзами Даҳбедӣ соли 1542 милодӣ аз ҷаҳон даргузашт. Баъд аз вафот мадфани вай зиёратгоҳи муридону мухлисони дуру наздикаш гардид. Ялантӯш Баҳодур, ки баъди фавти Махдуми Аъзам бар маснади ҳокимияти Самарқанд нишаст, аз мухлисони содиқи Сайид Аҳмад Ҷалолиддин Хоҷаи Косонӣ буд ва ба фарзанди ин пири номвар–Хоҷа Ҳошими Даҳбедӣ дасти иродат дод ва мурид гардид. Аз ин рӯ, чанд сол баъд аз даргузашти Махдуми Аъзам мақбараи ӯро таъмир ва бозсозӣ намуда, дар назди мақбара масҷиди ҷомеъ низ бино сохт. Бо гузашти солҳо дар атрофи мадфани Махдуми Аъзам қабристоне ба вуҷуд омад, ки он ҷо авлоди Хоҷагони Махдуми Аъзамӣ ё худ Хоҷагони Даҳбедӣ ва хонадони ҳукмронони Аштархониён мадфун гаштанд. Ялантӯш Баҳодур, ки соли 1606 милодӣ аз олам даргузашт, тибқи васияташ дар пойгоҳи мақбараи Махдуми Аъзами Даҳбедӣ ба хок супорида шуд Аз Махдуми Аъзам 13 писару 11 духтар боқӣ монд. Махдуми Аъзам асарҳои зиёде дар боби тасаввуф ва тариқат таълиф намудааст, аз қабили «Одоб-ус-соликин» дар тариқат, «Рисолаи самоъия» дар баёни нағмаҳо ва ғайра. Тибқи эътирофи худаш ӯ, 25 рисола дар баёни ҳақоиқу маориф навиштааст, аммо дар китобхонаи ба номи А.А.Семёнови Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон китобе таҳти рақами 79 бо номи «Сӣ рисолаи Махдуми Аъзам» маҳфуз аст, ки асарҳои ӯро дар бар гирифтааст.


Таърихи бошандагони Даҳбедӣ

Азбаски Ҳоҷагони Даҳбедии Самарқанд мардуми озодидӯст ва адолатпарвар буданд, тӯли таърих борҳо ба муқобили шоҳони ситамгари замони шӯриш бардошта, мубориза бурдаанд. Яке аз чунин шӯришҳо дар замони Аштархониён ба вуқӯъ пайваст. Дар ин бора академик Бобоҷон Ғафуров чунин маълумот додааст:

    «Зулму ситами тоқатшикан ва бераҳмонаи феодалӣ, ҷангҳои дохилӣ ва фақру гуруснагӣ норозигии оммаи халқро ниҳоятдараҷа зиёд кард. Ин буд, ки дар маҳаллаҳои гуногун дам ба дам шӯру ошӯбҳои халқӣ сар мезаданд. Дар замони Абдулфайзхон, ки ба қавли шоири ҳамзамони ӯ Сайидои Насафӣ, шӯриши калоне дар деҳаи Даҳбеди Самарқанд рӯй дод. Шиддат ва вусъати ин ҷунбиши халқӣ ба дараҷае буд, ки худи Абдулфайзхон бо лашкари зиёд омада, шӯришро фурӯ нишонд ва Даҳбедро оташ дода, ба хок яксон намуд»


Баъди қатли оми сокинони Даҳбед мардуми ҷон ба саломатбурдаи он ба ҳар гӯшаву канори Мовароунаҳру Хуросон ва кишварҳои дигар ҳиҷрат намуданд. Як зумра сокинони Хуҷанду Фарғона, гузари Даҳбедиёни Истаравшан, деҳаи Қаротоғи Ҳисор, як қисми рустоҳои Ромит, Файзобод, Обигарм, Қаротегин, Вахё, Дарвоз, Ёхсуи Ховалинг, Дуоби Муъминобод, Сарихосору Балҷувон, Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон, дараи Панҷшери Афғонистон аз авлоди Хоҷагони Даҳбедии Самарқанд ба шумор мераванд. Бояд гуфт, ки мавҷи аввали гурезагон ва рафтани онҳо ба кӯҳистони Хатлону Бадахшон ва Раштонзамин ба соли 1501 милодӣ рост меояд. Дар ин сол ӯзбакони шайбонӣ Самарқанд, Даҳбед ва навоҳии онро ишғол ва сахт ғорат намуда, мардуми зиёде ва хусусан, хоҷаҳоро куштанд. Дар натиҷа, чи тавре ки Бобур дар «Бобурнома», Мирхонд дар «Равзат-ус-сафо» ва Хондамир дар «Ҳабиб-ус-сияр» хабар додаанд, мардуми зиёд аз Самарқанду атрофи он ба Муғулистону Хуросон ва вилоятҳои кӯҳистони Бухорои Шарқӣ (Ҳисору Хатлон, Рашту Бадахшон) гурехта буданд.
Азбаски мардуми Панҷшери Афғонистон худро аз Даҳбеди Самарқанд медонад, гумон меравад гурезаҳои даҳбедӣ дар ҳамин мавҷи аввал беш аз 500 сол пеш аз ин ба сарзамин ҳиҷрат карда бошанд. Ҳатто имкон дорад, ки Ёрибекхон, ки дар соли 1657 милодӣ мири Бадахшон интихоб гардид, аз ҷумлаи ҳамин гурезагони мавҷи аввал бошад, зеро, чи тавре дар «Таърихи Бадахшон» зикр мегардад, аҷдоди ӯ «ба як-ду пушт ҳасби тақдири азалӣ» пештар аз Даҳбеди Самарқанд ба Яфтали Бадахшон кӯчида омада буданд. Мавҷи дуюми муҳоҷирони даҳбедӣ, чи тавре ки зикр гардид, дар замони ҳукмронии Абдулазизхони Аштархонӣ (1647–1681) ва Субҳонқулихон (1681–1702) ба сӯйи Бадахшону Ҳиндустон равона шуд. Ба ин мавҷи дувум хоҷаҳои самарқандӣ ҳам дохил буданд, чунки онҳо низ равонаи Ҳиндустон буданд, вале бинобар хоҳиши мир Ёрибекхони Даҳбедӣ онҳо бо хирқаи муборак дар Ҷузгуни Бадахшон монданд ва ин шаҳр бо шарофати хирқаи мубораки ҳазрати Муҳаммад (с) номи Файзободро гирифт. Баъдан хирқаи муборак дар замони ҳукмронии Аҳмадшоҳи Дурронӣ ба собиқ пойтахти Афғонистон–шаҳри Қандаҳор интиқол дода шуд ва то ба ҳол дар он ҷост. Сипас аз тарафи амири Афғонистон ба хоҷагони Даҳбеди Самарқанд дараи хушманзари Панҷшер ҳадя гардид ва қисми зиёди авлоди Махдуми Аъзам сокини ин минтақа гардиданд, ки аз байни онҳо дар қарни бисти милодӣ сипаҳсолори машҳур, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд мулаққаб ба "Шери Панҷшер” зуҳур намуд ва бо корномаи худ вирди забони ҳамагон гардид. Аҷдоди Аҳмадшоҳи Масъуд пас аз ҳиҷрат аз Самарқанд як муддат дар минтақаи кӯҳистони Хатлон зиндагӣ карда, сипас ба дараи Панҷшер кӯч баста, сокин шуданд. Худи Аҳмадшоҳ зимни мусоҳибаҳои худ ба журналистон борҳо таъкид карда буд, ки аз табори тоҷикони Даҳбеди Самарқанд аст.

Мавҷи сеюму калони муҳоҷирати даҳбедиён ба давраи солҳои 1743–1745 милодӣ рост меояд. Ин давра замоне буд, ки Ҳаким Атолиқ вафот карда, Абдулфайзхон бошад, ҳеҷ қудрате надошт ва Мовароуннаҳр бесоҳиб монда буд. Дар натиҷа қабилаҳои зиёди ӯзбактабор сар бардошта, даст ба ғорату куштори мардуми маҳаллӣ заданд. Ҳамин вазъ сабаб шуд, ки даҳбедиён аз Миёнкол, самарқандиён ва мардуми атрофи Бухоро ба миқдори зиёд ба Ҳисору Хатлону Бадахшон ҳиҷрат намуданд. Тақрибан 20 ҳазор хонавор (буна)-и онҳоро амири якуми сулолаи Манғитиён Муҳаммадраҳимбий баъди гирифтани Деҳнаву Ҳисор боз ба Миёнколу ватанҳои аслиашон кӯчонид, вале онҳое, ки ба Хатлону Бадахшон муҳоҷират карда буданд, дар ин ҷойҳо монданд. Шояд онҳо дар Панҷшер низ сокин шуда буданд. (Ниг. Ҳакими Бохтарӣ, Ғолиб Ғоиб. Панҷшер–сарзамини мардхез. –Душанбе: Эр-граф, 2013, саҳ. 62–63). Қайд кардан ба маврид аст, ки даҳбедиён бо шуҷоату далерӣ, илму фарҳангдӯстӣ, росткорию адолатпарварӣ дар ҳаёти сиёсию фарҳангии аморатҳои Бухорову Фарғона, Кошғару Афғонистон, Ҳинду Эрон нақши бориз гузоштаанд. Аз ин ҷост, ки сулолаи Хоҷагони Даҳбедии Самарқанд чун дудмони маорифпарвар, пешвои мазҳаби ҳанафии дини мубини ислом, тариқати нақшбандияи тасаввуф дар саросари диёри Мовароунаҳру Хуросон маъруфият ва шуҳрат пайдо мекунад.
 

Як зарра зи хуршедам, як ғунча зи умедам,
Як навда зи Даҳбедам, як ҳалқа зи Дарбандам.
Аз меҳани гулнорам, аз гулхани гулхорам,
Аз Хоҷаи Аҳрорам, аз Яхчи Самарқандам.

 
Гулрухсор. "Шаҷара”, Девон, саҳ. 568

Ходимони намоёни давлатию сиёсӣ аз Тоҷикистон

Аз байни даҳбедиён ходимони барҷастаи сиёсию давлатӣ, донишмандону адибон ва пешвоёни дину мазҳаб ва тариқати нақшбандияи тасаввуф бархостаанд.

    Хоҷа Бурҳониддини Косонӣ,
    Хоҷа Ҷалолиддин Аҳмади Косонӣ маъруф ба Махдуми Аъзами Даҳбедӣ,
    Ҳоҷа Юсуф,
    Хоҷа Офоқ,
    Хоҷа Ҷаҳонгир ҳокими мулки Кошғар),
    Яъқуббеки Бадавлат (асосгузори давлати Ҳафтшаҳри Кошғар),
    Қаноатшоҳи Қаротегинӣ (сипаҳсолори машҳур ва сарвазири хонигарии Хӯқанд),
    Ёрибекхон (асосгузори сулолаи Мирони Даҳбедии Бадахшон),
    Музаффаршоҳ (шоҳи Қаротегин),
    Исмоилхон (шоҳи Дарвоз, ҳар ду бародар буданд),
    Шоҳ Ванҷӣ (мири Бадахшон), 

    Восеъ,
    Сайидаҳмадхоҷа (мири Мастчоҳ),
    Ҳомидбек,
    Фузайл Махсум,
    Давлатмандбий,
    Нусратулло Махсум,
    Абдураҳим Ҳоҷибоев,
    Шариф Манзар,
    Тоҷиддин Исоев,
    Мунаввар Шогадоев,
    Маҳмадалӣ Қурбонов,
    Маҳмадулло Холов,
    Қадриддин Аслонов,
    Ҳайдар Қосимов,
    Шуҳрат Қудратов,
    Сафар Амиршоев,
    Исмат Шарипов,
    Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев,
    Миралӣ Маҳмадалиев,
    Талбак Садриддинов,
    Маликшоҳ Гиёев,

Ходимони намоёни давлатию сиёсӣ аз Афғонистон

    Муҳамадвалихони Дарвозӣ,
    Бурҳониддин Раббонӣ,
    Аҳмадшоҳи Масъуд,

Адибону донишмандони маъруфи тоҷик

    Хоҷа Ҳошими Даҳбедӣ,
    Хоҷа Мӯсои Даҳбедӣ,
    Эшони Халифа Ҳасани Қаротегинӣ,
    Мавлоно Юсуфи Хатлонӣ,
    Шайх Абдулҳайи Муҷахарфӣ,
    Муҳаммадҳусайни Ҳоҷии Хатлонӣ (Кангуртӣ),
    Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ,
    Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ,
    Мирзо Турсунзода,
    Носирҷон Маъсумӣ,
    Зафар Нозимов,
    Лоиқ Шералӣ ,
    Муъмин Қаноат,
    Бозор Собир,
    Гулрухсор,
    Меҳмон Бахтӣ,
    Абдулҳамид Самад,
    Ҷонибек Акобиров,
    Сафармуҳаммад Аюбӣ,
    Фарзонаи Хуҷандӣ,
    Ато Мирхоҷа (аз сулолаи Мирони Даҳбедии Бадахшон),
    Акбар Махсумов, академик
    Баширхон Исҳоқии Хуҷандӣ, доктори илмҳои тиб, профессор,
    Мӯсо Диноршоев, академик,
    Иброн Шарифов, доктори илмҳои фалсафа,
    Хуршеда Отахонова, доктори илмҳои филологӣ (аз гузари Даҳбедиёни Истаравшан),
    Суҳроб Шарифов, доктори илмҳои сиёсӣ,
    Худоӣ Шарифов, доктори илмҳои филологӣ, профессор,
    Холназар Муҳаббатов, доктори илмҳои ҷуғрофия,
    Ғиёсиддин Меъроҷов, академик,
    Саидҷаъфар Қодирӣ, номзади илмҳои физика,
    Хуршед Даврон (Шоири халқии Ӯзбекистон, нависанда ва драматург)


ва даҳҳо нафар шахсиятҳои маъруф аз табори тоҷикони Даҳбеданд.


Адабиёт

    БобоҷонҒафуров. Тоҷикон. Охирҳои асри миёна ва давраи нав. Китоби 2. -Душанбе: Ирфон, 1998, саҳ. 73;
    Расул Ҳодизода. Самарқанднома. -Душанбе: Пайванд, 2002, саҳ. 312–313;
    Ҳакими Бохтарӣ, Ғолиб Ғоиб. Панҷшер– сарзамини мардхез.–Душанбе: Эр-граф, 2013, саҳ. 62–63);
    Семенов А.А. Материалы по истории таджиков и узбеков в Средней Азии / Сборник статей, вып. I. Сталинабад, 1954 (Труды АН Таджикской ССР. Том XII). –С. 56;
    Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷилди 1 (аз А то М), Муассисаи давлатии Саррредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. –Душанбе: 2015, саҳ. 316-319;
    Ҳотам Рабиев. Назаре ба таърихи Даҳбед. –Душанбе, 2016, 88 саҳ.

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод





ХОҶАГӢ АҲМАДИ КОСОНӢ - МАХДУМИ АЪЗАМИ ДАҲБЕДӢ


Хоҷагӣ Аҳмади Косонӣ, ки ҳамчун Махдуми Аъзами Даҳбедӣ шӯҳрати тамом доранд, яке аз нобиғахои тариқати хочагон дар нимаи дуввуми карни XV ва нимаи аввали қарни XVI ба шумор мераванд. Хоҷагӣ Аҳмад дар хонадони шахси боэътибори давр Саид Ҷалолиддин дар соли 1461-62 дар ноҳияи Косони вилояти Ахсикент (ҳоло Намангон) ба арсаӣ ҳастӣ қадам ниҳодаанд. Солҳои толибилмии Хоҷагӣ Аҳмад дар зодгоҳашон мегузарад. Хоҷагӣ Аҳмад, ки соҳибзеҳн ва хушфаҳму зирак буданд, дар бисёр масъалаҳо аз ҳамсабақашон пешдастӣ мекарданд ва ҳатто мударрисон аз истеъдоди эшон дар ҳайрат мешуданд. Баъд эшон омӯзиши масъалаҳои тасаввуфро дар назди устод Муҳаммади Қозӣ, ки муаллифи «Силсилат ул-орифин» буданд, идома медиҳанд. Мавлоно Мухаммади Қозӣ қобилият ва истеъдоди Хоҷагӣ Аҳмадро идрок намуда, эшонро шаҳбози баланпарвози тариқати хоҷагон донистанд. Баъд аз такмили дониш Хоҷагӣ Аҳмад ба зодгоҳи хеш бармегарданд ва фаъолияти хешро идома медиҳанд.
Овозаи эшон дар баӣни орифон ва уламо зуд паҳн мегардад. Ҳокимони Миёнколу Кармина эшонро ба вилояти Самарқанд даъват мекунанд. Даъват қабул мегардад ва Хоҷагӣ Ахмад аз Косон ба Самарқанд азимат мекунанд ва дар деҳаи Даҳбед маскан мегиранд. Дар ин ҷо бо боғдорӣ ва кишоварзӣ шуғл меварзанд ва масъалаҳои тариқати хоҷагонро тарғибу ташвиқ намуда, оиди ин масъала рисолаҳо меофаранд. Шӯҳрати Хоҷагӣ Аҳмади Косонӣ, баъд аз ба Даҳбед омадан боз меафзояд ва эшонро чун Махдуми Аъзами Даҳбедӣ машҳур мегардонад.
Махдуми Аъзами Даҳбедӣ соҳиби иёл буда, фарзандони накӯхислати ҳазрат шӯҳрати тариқатро аз Мовароуннаҳр то ба Туркистони Шарқӣ, Ҳиндустон ва Афғонистон интиқол медиҳанд. Силсилаӣ Махдуми аъзамиён дар ҳаёти маънавӣ ва иҷтимоии ин сарзаминҳо мавқеи бузургеро соҳиб мегардад.
Махдуми Аъзами Дахбедӣ соли 1542 дорулфаноро тарк намуда ба дорулбақо мешитобанд. Қабри табарруки ҳазрат ва авлодашон дар Даҳбед аст, ки баъд дар назди он масҷид сохта шудааст. Оиди таърихи фавти эшон чунин қитъа нигошта шудааст:
Орифе к-ӯ дар тариқат муқтадои аср буд,
Гашта аз роҳи ҳақиқат аҳли дилро раҳнамой.
Мурғи руҳаш кард парвозе аз ин меҳнатсарой.
Баски будам дар тааллум аз фироқи рӯи ӯ
Ефтам таърихи фавташ «қутби олам рафт, вой!»

Аз ибораи «қутби олам рафт, вой» ба ҳисоби абчад рақами 949 бармеояд, ки он ба ҳисоби ҳиҷрӣ соли фавти ҳазратро ифода мекунад, ки он баробари 1542 исавӣ аст. Оиди ҳаёт ва фаъолияти ҳазрат мақомоти мухталиф навишта шудаанд, ки ҳоло нусхаҳои гуногуни «Насабнома ё ҷомеъ ул-мақомот»-и Мавлоно Абулбақо машҳур аст.
Чуноне ки зикр шуд, Махдуми Аъзами Дахбедӣ бисер рисолаҳо офаридаанд, ки онҳо бо номи «Мачмуат ул-расоил» машҳур аст. Дар рисолаҳо оиди тариқати хоҷагон ва силсилаи онҳо, афкори ахлоқӣ ва панду ҳикмати аҳли тариқат мавриди баҳс гардидааст.
Дар хусуси «Мачмуат ул-расоил» дар саҳифаи аввал чунин навишта шудааст.

Ҳазал китобро ту бидон, толибо, зи сидқ,
«Мачмуат ул-расоил»-и Махдуми Аъзам аст.

Инро яке аз авлоди эшон Каттахоҷаи Даҳбедии Музнибӣ идома дода, чунин байтро илова кардаанд:
Хонӣ агар рисолааш огоҳ мешавӣ,
Гуё дили аламзадаро ҳамчу марҳамест.

«Мачмуат ул-расоил» ба наср иншо гардида, аз порчаҳои шеърӣ саршор аст. Ин порчаҳо ба қалами Мавлавӣ, Румӣ. Абдураҳмони Ҷомӣ, Фаридуддин Аттор, Наҷмиддини Кубро ва дигарон тааллуқ доранд. Азбаски Махдуми Аъзами Даҳбедӣ табъи шоирӣ доштанду ва ба назм шавқи беандоза дар рисолаҳо аз абёти хеш намунаҳо овардаанд..
Аз ин ҷост, ки шиносоӣ бо таркиби «Мачмуат ул-расоил», ки нусхаи қаламии қадимии он мулки шахсии Аъзамхон Каттахоҷаи Даҳбедӣ аст, аз фоида холӣ нахоҳад шуд.
Барои ба кори хайр саҳм гузоштан ва дастраси хонандагон гардондани мероси ҳазрат ба Аъзамхон Каттаҳоча миннатдорӣ изҳор менамоем.
1. Рисолаи «Асрор ул-никох». 2. Рисолаи «Самоъия». 3. Рисолаи «Вуҷудия». 4. Рисолаи «Одоб ус-соликин». 5. Рисолаи «Одоб ус-сиддиқин». 6: Рисолаи «Ганҷнома». 7. Рисолаи «Бақоия». 8. «Насиҳат ус-соликин». 9. «Шарҳи савод ул-ваҷҳ». 10. Рисолаи «Танбият ус-салотин». 11. «Шарҳи валади саробия». 12. «Нафаҳот ус-соликин». 13. «Рисолат уз-зикр». 14. Рисолаи «Шарҳи рубоиёт». 15. Рисолаи «Баёни силсила». 16. Рисолаи «Чаҳор калима». 17. Рисолаи «Силсилаи сиддиқин». 18. Рисолаи «Битихия». 19. Рисолаи «Миръот ус-сафо». 20. Оиди ҳиҷоб/дар асл сарлавҳа - ном надорад). 21. Рисолаи «Зубдат ус-соликин».22. Рисолаи «Гул ва Наврӯз». 23. Ғазалиёт бо тахаллуси Қосим, Қосимӣ. 24. Рисолаи «Меъроҷ ул-ошиқин» 25. Рисолаи «Муршид ус-солиқин». 26. Рисолаи «Воқеоти Ҳаққония». 27. Рисолаи «Бобурия». 28. Шарҳи як ғазали Убайдуллохон. 29. Рисолаи «Шарҳи дувоздаҳ рубоии форсӣ».

Академик Ботурхони Хилъатпур Валихоҷаев

                               Сарсухани китобе, ки аксаш ин ҷост

 Бознашр аз саҳифа Адаш Истад дар Фейсбук:


Непокорный и загадочный Дахбед


 

Дахбед это тот пригородный район и древний городок Самарканда, который стал известен мусульманскому миру после академий знаменитого шейха Абу Юсуфа Хамадани в махалле Хушруд (под этим именем сейчас подразумевают поселок Хишрав) и Ходжа Ахрара в местности Ходжа Кафшир третий по счету центром суфизма. Дахбед стал центром суфийской течении накшбандия при жизни Махдуми А’зама Косони – видного ферганского шейха, который избрал для своего постоянного место прибивания Дахбед. Дахбед был знаменит и до дахбедских шейхов. Он относился к древнему пригородному району Ним–Сугуд, что в переводе означает «Половина Согдианы». Главным поселением в этом районе при тимуридах считался село Офаринкент. В последствии по названию этого большого села или городка район назвали Офаринкентский туман. Автор книги по истории Самарканда «Кандии» пишет, что Офаринкент построил самаркандский царь Гурак. Гурак был царём Согда и при правлении арабских наместников. Туман Офаринкент сохранил своё название и при правлении шайбанидов. По Вяткину при разделении Мавераннахра в 1512 году, после знаменитой битвы при Кули Малик, когда Бабур был вынужден оставить Самарканд, средняя часть долины реки Зарафшана – Миянкал (Ним–Сугуд и Сугуди Калонские туманы) а также Нурата достались в удел одному из победителей узбекских султанов - Джанибек–султану и его сыновьям. Джанибек сел в Кармине, а своего сына Искандар–султана назначил правителем Офаринкентского тумана. Он правил этим туманом до 1529 года, до смерти своего отца. При правлении аштарханидов Офаринкент продолжал служить место прибиванием хакима или бека, казия, но затем он уступил свою роль Дахбеду. В. Вяткин пишет: «Оба эти селения в числе немногих долинных кишлаков сохранили таджикское население, а первый (Офаринкент), кроме того, арабское. Современное село Кумушкент существовало уже при последних чингизидах… Здесь находились мазары Али-ота, тюркского шейха из последователей Ахмада Яссави и других чтимых и доныне лиц. В последствии здесь–же похоронен был Касимовский царевич Шигай. Селение Ванг, названия которого сохранилось до настоящего времени, упоминается при тимуридах. Оно лежит между Кумушкентом и Яны–курганом. В одной окружной меж землями селения Ванга находились земли селений, Арала и Срикучи и большого селения – Ваидж.». По Вяткину Ваидж находился на месте современного Лаиша.

Реку Кухак (во время тимуридов называли Дарёи Сафед) сейчас называют Ак–дарья. В. Вяткин в «Материалах к исторической географии Самаркандского вилаята.» (1905 г.) далее пишет: «В эпоху шейбанидов в Офаринкентском тумане в первый раз встречаются названия селения Дахбеда. Известность оно получило с того времени, когда сюда переселился из кишлака Касана, находящегося в Фергане известный шейх: Махдуми А’зам. Похоронен он был в Дахбеде–же. При его мазаре впоследствии известный строитель Самаркандских медресе Тиллокори и Шердора Ялангтуш Бахадур основал обширную ханаку. Существующая же здесь медресе, построенная из жжёного кирпича и состоящая из 34 худжр с мечетью дарс–хоной, основана была гораздо позже, при первых мангитах. Уже при шейбанидах Дахбед был окружён стеной с несколькими воротами в ней, из которых известны были ворота мазара Джук.». Автор здесь же упоминает и Кампир–девор, что подразумевается старая оборонительная стена. По Вяткину Дахбед и его окрестности очень древний и густонаселённый район.

Один из исследователей истории Дахбеда и дахбедских шейхов Комилхон Каттаев в своей книге «Махдум А’зами и Дахбед» (Самарканд, 1994) пишет, что появление Дахбеда связано с переселением из Косона Ферганской долины шейха Ахмада Джалаладдина Косони (1462–1542) (то есть Махдум А’зама) по приглашению шайбанида Джанибека Султана в Миёнкол. Это события произошло приблизительно в 1515–28 годы. Только в ХIХ веке в Дахбеде проживало 1206 семей. Так как количество мечетей 45, то нетрудно угадать, что количество населения было во много раз больше, так как при одной мечети бывает от 100 до 500 молящихся. Ясно, что Дахбед пережил трагические дни и не один раз. По свидетельству журналистов побывавших во многих районах Таджикистана, там людей прадед или прапрадед которых родом из Дахбеда можно встретит всюду. А вся население Панджшерской долины Афганистана считают родину своих предков Дахбед. Из таджикских поэтов покойный Лоик Шерали утверждал, что его прадед в Пенджикент переселился из Дахбеда, а поэтесса Фарзона считает себя потомками дахбедских шейхов. Дахбедцы переселились и в город Самарканд. Гузар Дахбеди начиная с Регистана, растянулась до Соборной мечети Амира Тимура известной в народе под именем «Мачити Биби–хоним».

Академик Академии наук Таджикистана Раджаб Амонов рассказывал мне, что Дахбедские переселенцы в долине Панджшер Афганистана имели при себе халат пророка Мухаммеда. То что дахбедцы были нетерпимы к несправедливости и гнету, непокорны, горды, и не перед кем не склоняли головы, известны всем. Но до сих пор остаются неизвестными с кем они воевали и почему дахбедские повстанцы несколько раз были вынуждены покинут Дахбед и разбредаться по белому свету.

По версии исследователя К. Каттаева история Дахбеда полна волнующих событий. Например, при правлении аштарханида Абдулазизхона (правил он в 1645–80 годы) Дахбед превращается в центр народного восстания. Говорит о том, что дахбедские шейхи, чуткие к любому проявлению насилия к мусульманам не были причастны к восстанию невозможно. Тогда шейхи Ходжа Розик и Ходжа Махди ибн Мусоходжа, как прямые потомки великого шейха Махдуми А’зама были в большом авторитете. Абдулазизхон из района Согарджа направил большое войско на расправу Дахбедских повстанцев и эта война для Дахбедцев закончилось трагически. Потом в Х1Х веке в Дахбеде было ещё одно восстание. Во время правления аштарханидов и мангитов в плот до завоевания Россией Самарканда в борьбе за власть в Самарканде и Бухаре было так много восстаний и междоусобных войн, что диву даешься как удалось народу выжить в этой бойне. А дахбедцы как пригородный район подчинённый Самарканду были участниками всех этих кровавых событий.

Когда началась мобилизация не русского коренного населения Туркестана по приказу царя на войну в некоторых городах и районах этого края в 1916г начались восстания. Конечно Дахбед с его традициями и опытом к различным восстаниям, не мог остаться в стороне.

В «Истории Самарканда» записано, что в Самаркандском уезде наиболее крупное восстание произошло в Дахбедской волости. Несмотря на запрещение сходок, 7 июля 1916 года на базарной площади в селении Дахбед стала собираться огромная масса народа, часть которой была вооружена палками. Во главе восставших стоял Усмон Абдурасул - представитель демократической интеллигенции. Повстанцы напали на мирзу (секретаря) волостного управителя Кабулова, а затем и на самого волостного. Во время стычки мирза несколько раз ранил Абдурасула. Тогда повстанцы бросились на Кабулова и убили его. Волостной управитель пытался бежать, но был тяжело ранен одним из восставших.

Для подавления восстания в Дахбед была послана воинская команда, которая арестовала 30 повстанцев. Более 10 дней солдаты находились в селении для «устрашения публики».

Благодаря Махдуми А’заму Дахбеди и его потомков возглавлявших суфийское течение накшбандия, суфизм в Самарканде и по всей Центральной Азии продолжал жить и развивался. Распространился и на Восточный Туркестан. Из потомков Махдуми А’зама Хидоятулла Офокходжа в 1682 году пришёл к власти в Восточном Туркестане. Его потомки 78 лет правили этой страной. В 1760 году Китайский император захватил Восточный Туркестан положил конец правлению дахбедских ходжей. Много добрых дел было сделано по наставлению дахбедских шейхов. По требованию внука Махдуми А’зама Ходжа Хошима самаркандский правитель Ялангтуш за счёт награбленного богатства в грабительских походах на Хорасан, Афганистан и Иран построил медресе Шердор и медресе Тиллокори. А в Дахбеде построил медресе, две мечети, хонако с мраморным мавзолеем (Дахма) дахбедских шейхов. А в портале хонако написали это стихотворение на таджикском языке:

Дахбед не десять верб, а источник света,
Каждый купол хонаки это священная гора Тур.
Каждый чинар его райское дерево – туби,
И место явления сердец любовников (суфиев).

Под словом любовников подразумевали суфиев. Дахбед в переводе с таджикского языка означает десять верб. Это свое названия получил после того, когда великий шейх Махдуми А’зам посадил тут десять верб и приступил к учению. Догадывался ли он, что из ветвей этих деревьев в будущем создадут копья и будут кровопролитные бои за справедливость и свободу. Наверное догадывался. Но знал, что самое лучшее занятие в этом мире, посеять что–ни будь в землю и собирать урожай.

Поэтому и наряду с суфийскими рисоля, написал сочинение о дыне – «Биттих». Дахбитские дыни – особый сорт, которую самаркандцы ценят не меньше других знаменитых сортов.

Махдуми А’зам Дахбеди написал 33 сочинений, из них некоторые переведены с таджикского языка на узбекский язык и опубликованы.

Потомки шейха живут и в Дахбеде и в других районах и городах Узбекистана и Таджикистана. Один из потомков Махдума Комилхон Каттаев в Самарканде создал «Фонд Махдуми А’зама Дахбеди» занимается пропагандой и изданием наследия Махдуми А’зама Дахбеди. Наследие Дахбедских шейхов огромное и размер настоящей статьи не даёт возможности говорит обо всех дахбедских шейхов, их произведений.

В прошлом самаркандцы когда в огородах поспевал дыни в день «Праздника дыни» все стремились на поле в сторону Дахбеда. В этот день для горожан дехкане угощали дынями бесплатно. И люди за одно посещали гробницу автора рисоля о дыне и читали молитву для упокоя его души.

Ялангтуш Бахадур завещал похоронит его у ног Махдуми А’зама. Его завещание было выполнено.

Адаш ИСТАД,
таджикский писатель.


 Бознашр аз саҳифа Адаш Истад дар Фейсбук: